Идома корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ. Пайдо шудани ҷасади як марди 62-сола, ки дар сели 5 май нопадид шуда буд

Дар  24 соати охир дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистонии кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуда, корҳо барои рафъи паёмадҳои он дар минтақаҳои Сангвор ва Нуробод идома доштанд. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасади мардеро, ки дар  сел нопадид шуда буд, пайдо ва аз дарё берун оварданд.

Тоҷикобод

 2 июли соли 2024 дар маҳалли «Регак»-и ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи боло рафтани сатҳи об канали Сурхкӯл осеб дид. Дар натиҷа, заминҳои картошкаи 6 хоҷагии деҳқонӣ қисман зери об монд. Дар ҷои ҳодиса Комиссияи фавқулодаи ноҳия кор мекунад.  

 Нуробод

Дар километри 119-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки бар асари омадани сел роҳ баста шуда буд, рӯзи 3 июли соли 2024 корҳои барқарорсозӣ бо истифода аз 4 адад техникаи муҳандисӣ идома дошт. Айни замон барои ҳаракати мошинҳо роҳи иловагӣ боз гардид ва корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома дорад.

Сангвор

Дарҳудуди деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор, ки 1 июли соли 2024 бар асари омадани сел зарар дида буд, корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Кори комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда дар давоми рӯз нишон дод, ки дар натиҷаи омадани сел 42 хоҷагӣ, аз ҷумла 13 бинои истиқоматӣ, 18 иншооти ёрирасон ва 11 қитъаи замин зарар дидааст.

Дар ноҳия ситоди бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ таъсис шуда, хоҷагиҳои зарардида ва таҳдид ба хатар ба ҷои бехавф кӯчонда шуданд. Ҳамзамон таъмини ин хонаводаҳо бо ғизо ба роҳ монда шуд.   

Барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ 4 воҳиди техникаи вазнини муҳандисӣ сафарбар гардида, зиёда аз 100 метр роҳ тоза карда шуд. Ба оилаҳои зарардида аз ҷониби КҲФ, шарикони байналмилалӣ ва шахсони дигар дар шакли бастаҳои беҳдоштӣ, орд, равған, макарон, дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи рӯзгор кӯмак расонида шуд. Кор дар ин самт идома дорад.

Берун овардани ҷасади ғақшудаи 62-сола аз рӯди Душанбе

3 июли соли 2024, соати 11:53 дақиқа ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар он минтақа аз рӯди Душанбе, ки аз ҳудуди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мегузарад, як ҷасад намудор шудааст.

Ба ҷои ҳодиса  наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Ҷасадро берун оварданд ва ба кормандони милитсия супурданд. Маълум гардид, ки вай як сокини 62-солаи деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб будааст. Номбурда рӯзи 5 майи соли 2024 ҳангоми чорвочаронӣ дар сел нопадид шуда будааст.

барчасп: