Ҳалокати 8 нафар дар ду садамаи маргбори мошин. Се шаҳрванди Узбекистон ва 5 узви як оила аз Тоҷикистон

Дар садамаи мошин, ки рӯзи 2 июли соли 2024 соати 13:00 дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух дод, се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) ба ҳалокат расиданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки мошини тамғаи “Daewoo Nexia” бо рақами давлатии 40Н174 GB uz, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба мошини боркаши тамғаи КАМАЗ бархӯрд.

Бар асари ин садамаи маргбор ронанда ва ду ҳамсафари ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон буданд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд. 

Ронанда Бойгитов Нурмаҳмат, буда соли 1964 таваллуд шудааст ва дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон зиндагӣ мекард. Худи ҳамин рӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода Узбекистон ин иттилоъро расонд. 

Дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷойи ҳодиса расида,  бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ҳалокшудагонро аз мошини садамадида берун оварданд ва ба кормандони милитсия супурданд.

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод. 2 июли соли равон соати 16:50 дақиқа дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавакти Поёни ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи «Musso», ки аз ҷониби як сокини 32-солаи рустои Шавакти Поён идора мешуд, ба як ҷарии умқаш 450 метр сарозер шуд.

Бар асари ин садамаи мудҳиш ҳамаи дохили мошинбудагон, ки аъзои як оила буданд (ронанда, ҳамсараш ва се фарзанди онҳо), ба ҳалокат расиданд.   

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Баланд бурдани суръати ҳаракати мошин ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳамеша чунин хабарҳо ба дунбол дорад.

барчасп: