Болоравии сатҳи оби дарё боиси қатъи ҳаракати мошинҳо шуд

2 июли соли 2024, соати 16:10 дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди шаҳраки Хавзаки ноҳияи Ляхш мегузарад, бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу яхи кӯҳҳо сатҳи оби дарьёи Сугак боло рафт ва ин об аз соҳилҳо берун шуда,  500 метр қитъаи ин роҳро шуста, дар чор нуқта сими барқро хароб кард.

Дар айни замон роҳ баста аст ва корҳои бартараф кардани паёмадҳои офат идома доранд.

Талафоти ҷонӣ нест.

2 июли соли 2024 Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Сангвор бо роҳбари муовини аввали Раиси КҲФ полковник Ҳотамшо Латифзода бо мақсади муайян кардани ҳаҷми зарари расида аз сел дар деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор ба фаъолият пардохт.

Тибқи иттилои пешакӣ дар натиҷаи ин офати табиӣ 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 4 хона қисма ва 18 хоҷагии ёрирасон ва 29 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар дидааст.

Барои муайян намудани ҳаҷми зарар Комиссияи ҷумҳуриявӣ иборат аз намояндагони КҲФ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.   

Роҳи мошингарди Лаби-Ҷар-Маркази Сангвор дар километри 49-ум муваққатан баста мебошад. Корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома доранд.

барчасп: