Марги соҳиби “Opel Astra”, ки ҳамагӣ 22 сол дошт

Ин фоҷеаи мудҳиш рӯи охири моҳи июл соати 07:31 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави шаҳраки Ҳисор рух дод. Мошини сабукрави тамғаи “Opel  Astra”, ки мутааллиқ ба як сокини 22-солаи деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Алмосӣ буд, ба канали Ҳисор сарнагун шуд. Шоҳидон мегӯянд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва аз роҳ бероҳа шуда, ба оби канал фурӯ рафт.

Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия ба ҷои ҳодиса  раисда, мошинро аз об берун кашиданд.

Маълум шуд, ки ҳангоми садама ронанда танҳо будааст ва аз шиддати бархурд дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Ҷасади ӯро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

барчасп: