Хабарҳои рӯзи якшанбе, 31-уми июл

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар чанд ҳодисаи омадни сел баъди боронҳои шадид ба қайд гирифта шуд. Ҷасади ду нафар ғарқшуда дар об пайдо шуд, кормандони КҲФ барои боз кардани дари хонаи шаҳрвандон кумак карданд ва дар бартараф намудани паёмадҳои як садамаи мошин ширкат намуданд.

Тибқи маълумоти  сардори  бахши Кумита дар  ноҳияи Тоҷикобод  рӯзи 31-уми августи соли 2022 тақрибан соатҳои 16:26 дақиқа, бинобар сабаби боридани боронҳои зиёди кутоҳмуддат дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, деҳаҳои Мазори боло, Мазори поён, Лангари-Шоҳ аз селроҳаҳо сел омада, ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон бо овардани лойқа ва сангу шағал зарар расонид.

Ин ҳодиса талафоти ҷониву зарари ҷисмонӣ надошт. 

Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Рӯзи 29-уми июли соли 2022 бар асари баланд шудани дамои ҳаво сатҳи об дар рӯди Зарафшон боло рафт ва об аз соҳил берун шуда, 320 метр роҳро пурра вайрон намуд. Ин боис шуд роҳи Айнӣ-Масчои Кӯҳӣ муваққатан баста шавад.

Ба ин мавзеъ сари вақт 2 адад техникаи муҳандисӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳияи Айнӣ сафарбар гардида, корҳои барқарорсозӣ ба роҳ монда шуд. Рӯзи 31-уми июл, соати 21:30 дақиқа роҳ пурра боз шуд ва ба ҳаракати мошинҳо аз ду ҷониб иҷозат дода шуд.

 

 Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҷасади ду нафар ғарқшуда пайдо ва мақомот супурда шуданд.

Тавре пештар ҳам хабар дода будем, 17-уми июли соли 2022 як сокини 62-солаи деҳаи С.Гадо, ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳа аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд.

Баъди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ҷасади ӯ рӯзи 31-уми июли соли равон тақрибан соати 15:30 дақиқа як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса аз ҷониби сокинон пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.

Бист рӯз пеш як сокини 8-солаи маҳаллаи Таги-Қалъаи ноҳияи Дарвоз, бо сабабҳои номаълум ба дарёи Панҷ афтида, ғарқ шуда буд. Ҷасади ӯ баъди ҷустуҷӯҳои зиёд рӯзи 31-уми июл 48 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби сокинон пайдо ва ба мақомот супурда шуд.

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бо даъвати сокинон ду дари бастаро дар ноҳияи Сино боз карданд. 

барчасп: