Ғолибони мусобиқоти варзишӣ бахшида ба солгарди Истиқлоли Тоҷикистон муайнян шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Истиқлоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ниҳодҳои Кумита бозиҳои гуногуни варзишӣ идома доранд.

 

 

Пирӯзӣ дар “Футболи хурд”

Дар асоси мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва ҳаёти солим, сулҳу субот дар ҷомеа, устувор мондани дӯстию бародарӣ ва рафоқат байни кормандони вазорату идораҳо дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо” мусобиқаи варзишии “Футболи хурд” баргузор гардид.

Дар мусобиқаи маскур варзишгарони Кумита дастаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисоби 6-5 мағлуб намуданд.

 

ДАВ БА МАСОФАИ 3 КИЛОМЕТР

Дар мусобиқаи “Дав ба масофаи 3000 м”, ки ахиран дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 8 нафар хизматчиёни Кумита ширкат карданд ва се нафар ғолибони мусобиқа дониста шуданд.

Ҷойи аввал насиби лейтенанти калон Эмомов Шухрат Сайвалиевич – афсари Шуъбаи эвакуатсия ва кучонидани аҳолии Раёсати ҳифзи шаҳрвандии Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита шуд.

Капитан Муҳаммадиев Алиҷон Ҳусенович - муовини сардори ситоди қисми сафдорӣ ва сафарбарии Баталёни алоҳидаи серҷабҳаи зудамал (қисми ҳарбии 45045)-и Кумита сазовори ҷои дуюм шуд.

Ва ҷойи  3-юм ба лейтенанти калон Муҳидинов Орзумурод Аҳлидинович - афсари Шуъбаи муҳандисию техникӣ ва корҳои таркишии Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти  Кумита тааллуқ гирифт.

Мусобиқоти варзиши бахшида ба солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ниҳодҳои мухталифи Кумита идома доранд.  

 

ТУРНИККАШӢ

Ҳамзамон дар Дастгоҳи марказии Кумита мусобиқаи “Турникашӣ байни 8 нафар хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид, ки 3-нафар хизматчиёни ҳарбӣ: дастурдиҳанда-наҷотдиҳандаи Гуруҳи 1-и Дастаи кофтуковию наҷотдиҳии Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита прапоршик Наврузшоев Сино Ҷоншоевич, муовини якуми  Баталёни алоҳидаи серҷабҳаи зудамал (қисми ҳарбии 45045)-и  Кумита подполковник Орипов Достон Сарабекович, афсари калони Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур майор Саидов Диловар Идибекович ғолиб дониста шуданд.

 

ШАШКА

Се нафар бонувони хизматчии ҳарбии Кумита аз миёни 15 нафар ғолиби мусобиқа оид ба шашка шуданд. Инҳо: афсари калон (оид ба корҳои оперативӣ ва банақшагирӣ)-и Шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе Кумита майор Холиқова Гулбаҳор (ҷойи аввал),  афсари бахши таҳлилӣ ва бақайдгирии ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита лейтенант Мирзоева Гулноза Файзуллоевна (ҷойи дуюм) ва  сардори Бахши реҷаи махфии Дастгоҳи Раиси Кумита капитан Шӯрова Гулчин Ванҷиевна мебошад.

 

М.Аҳмадзода, Сардори Раёсати кадрҳо ва
кор бо ҳайати шахсии Кумита, полковник
барчасп: