Вазири умури иқлимии Покистон гуфтааст, ки аз се як ҳиссаи ин кишвар дар пайи сели бесобиқа зери об мондааст. Селҳои вайронгар дар нуқоти мухталифи Покистон хонаҳо, хиёбонҳо ва ҷодаҳои зиёдеро зери об кардааст. Бино ба маълумоти Раёсати мубориза бо офатҳои табии Покистон шумори қурбониёни ин селҳо дар саросари кишвар ба беш аз 1 ҳазор нафар расидааст.
Боронҳои мавсимӣ имсол дар Покистон бармаҳал оғоз шуданд ва ба шиддат шаҳрҳо, рустоҳо ва вилоятҳоро фаро гирифтанд. Вазири иқлимии Покистон гуфтааст, ки ҳоли имрӯз 30 соли охир собиқа надошт.
Бино ба маълумоти пешакӣ то кунун бештар аз 33 миллион нафар аз ин селҳо зарар дидаанд. Боронҳои шадид сабаби болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо шудаанд ва ин ҳодиса боис шудааст, ки сел ҳудудан 3,5 ҳазор км роҳҳо ва наздик ба 150 пулро хароб кардааст.
950 ҳазор хонаву манзили одамонро пурра аз байн бурдааст.
Ҳукумати Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозои кумак дар мубориза бо селҳои харобкор кардааст. СММ дар аввалин вокуниши худ эълон намудааст, ки барои ин кишвар дар корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ 3 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. Ин маблағҳо барои расонидани кумакҳо ба соҳаҳои харобшудаи тандурустӣ, ғизо барои бесарпаноҳмондагон, таъмини онҳо бо доруворӣ ва харидани воситаҳои беҳдоштӣ масраф хоҳанд шуд.
Вазири барномарезии Покистон ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки бар асоси таҳлилҳои аввалия ҳазинаи бозсозии маконҳои селзада беш аз 10 миллиард доллар хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ тақрибан ниме аз пахтаи тавлидшуда дар хоҷагиҳои деҳқонӣ зери об мондааст.
Мақомҳои маҳалли ба даҳҳо ҳазор сокинони рустоҳои кӯҳистони дастур додаанд, ки ба хотири таъмини бехатарӣ ва амнияти худ аз маконҳои пурхатар берун шаванд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон гуфтааст, ки “русто пушти русто маҳв шуда, миллионҳо хона вайрон шудаанд”.
Касоне, ки муваффақ шуданд аз селҳо фирор кунанд, дар маконҳои амн худро паноҳ додаанд.