Нигаронии сарвари Кореяи Шимолӣ аз густариши коронавирус дар кишвар

Коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд шумори мубталоён дар ин кишвар ба беш аз як миллион нафар расида бошад. Пхенян, ки то кунун аз авҷи ин беморӣ ҳарфе намезад, ҳафтаи гузашта аз кашфи аввалин мубталоён ба КОВИД-19 хабар дода буд.

АВТОР ФОТО,AFP

Ҳоло тибқи гузоришҳои расонаҳои давлатӣ дар пойтахти ин кишвар тадбирҳои зиддиуфунӣ ба роҳ монда шудаанд, вале гуфта мешавад, ки барои мубориза бо КОВИД ба Кореяи Шимолӣ дору намерасад.

Маврид ба ёдоварист, ки Кореяи Шимолӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш расман аз авҷи беморӣ дар қаламраваш эътироф кард. Ҳукуматдорон ҳоло ночор шудаанд барои зери назорат гирифтани вазъ аз қувваи артиш истифода кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Коореяи Шимолӣ то кунун барои ваксинатсияи аҳолӣ аслан иҷозат ҳам надодааст. 

Сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ахриан дар як ҷаласаи ҳукуматӣ аз масъулини ниҳодҳои тандурустии кишвараш шадидан интиқод кард, ки дар боздоштани густариши беморӣ кутоҳӣ нишон додаанд. Гуфта шуд, ки то кунун аз ин беморӣ ҳудудан 50 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аммо арқоми дақиқи мубталоён ба КОВИД-19 вуҷуд надорад.

Коршиносон иллати инро дар он мебинанд, ки дар ин кишвар озмоишгоҳҳои вижа вуҷуд надоранд ва тӯли ин ду соле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз коронавирус бонги изтироб мезад, мақомоти Корея мегуфтанд, вазъро зери назорат доранд, чун кулли марзашон ба хориҷ баста аст. 

Дар як гузориш гуфта мешуд, ки наздик ба 350 ҳазор нафар бо ташхиси сироят ба “ким-кадом вируси номаълум” ба қайд гирифта шудаанд ва аз ин шумор ҳудудан 188 ҳазор нафар дар карантинанд.

Манобеъи давлатӣ мегӯянд ин вирус дар саросари кишвар сар аз аввали моҳи апрел ба шиддат афзоиш ёфтааст ва мубталоёнаш дар карантин ба сар мебаранд.