Болотарин марг аз Covid-19 дар Русия. 74 ҳазору 893 нафар дар як моҳ
Чоп шуд: 04/12/2021 | admin
Моҳи октябри соли равон дар Русия бар асари гирифторӣ ба Covid-19 74 ҳазору 893 нафар фавтидаанд. Бино ба омори Росстат ин болотарин мизоми марг аз ин беморӣ аз замони оғози ҳамагирӣ аст. Моҳи сентябр дар ин кишвар аз Covid-19 44 721 нафар ҷон бохта буданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар Русия аз оғози ҳамагирӣ аз Covid-19 бештар аз 530 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.