Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз эҳтимоли авҷи штамми нави коронавирус бо номи Омикрон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки гунаи нави вирус ба шиддат дар ҳоли афзоиш ва густариш аст ва он метавонад мушкилоти тозае барои кишварҳо ба бор оварад.
“Омикрон” коронавирусест, ки ахиран дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ зуҳур кард ва дар як муддати кутоҳ даҳшатноктар аз кулли штаммҳои то кунун мавҷудаи ин вирус будани худро нишон дод. То ба имрӯз дар бораи ин вирус маълумоти дақиқи илмӣ вуҷуд надорад, чун он ҳанӯз омӯхта нашудааст. Аммо тарси донишмандон аз он аст, ки ба штамми нав ваксинаҳои то кунун сохташуда муқовимат карда натавонанд.
Штамми нави коронавирус B.1.1.529, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “Омикрон” номид, миёнаҳои моҳи ноябри соли равон дар ҷануби Африқо, аввал дар Ботсван кашф шуд ва ба дунболи он чанд маврид дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шуд.
Баъдтар онро дар Исроил, Британияи Кабир, Нидерландия, Ҳонконг ва Белгия сабт карданд. Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Чех ва Олмон низ мегӯянд эҳтимолан миёни шаҳрвандони онҳо, ки аз Африқои Ҷанубӣ баргаштаанд, сироят ба ин навъи вирус вуҷуд дошта бошад.
Сингапур низ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз Ботсван, Зимбабве, Мозамбик, Лесото, Намибия, ҶАҶ, Эсватиниро манъ кард. Аммо шаҳрвандони сингапурӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар Сингапур ҳақи иқомат доранд, баъди вурудашон аз ин мамолик бояд дар марказҳои махсус даҳ рӯз карантин шаванд.
Изтироб аз чист?
"Ин вариант моро ба ҳайрат овард. Дар як муддати кутоҳ ба ҷаҳиши қобили мулоҳизае даст ёфт ва то кунун наздик ба 50 мутатсияи он маълум аст”,- гуфтааст профессор Тулио де Оливейра, сарвари Маркази эпидемиологии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. Ҳудуди 30 ҷаҳиш аз 50 ҷаҳиш ба истилоҳ спайк-протеинро, ки ба сурат мисли тоҷи офтоб ба назар мерасанд, таҳти таъсир қарор медиҳад ва ёрии он вориди ҳуҷайраи инсон мешавад.
Ин махсусияти изтиробангези варианти нави вирус аст, мегӯянд донишмандон, чун қисмати бештари вакиснаҳо барои бетаъсир кардани ҳамин шипҳо фаъолият мекунанд.
Олимон мегӯянд ҳоло мо бо вирусе сарукор дорем, ки аз вируси пайдошуда дар Вуҳони Чин, ки оламро гирифтори як ҳамагирӣ кард, ба куллӣ фарқ мекунад. Ин ба он маъност, ки дар айни замон ваксинаҳои то имрӯз сохташуда метавонанд дар мубориза бо B.1.1.529 чандон самаровар набошанд.
Аз ҷумла баъзе мутатсияҳои ин вирус ҳолатеро пеш меоранд, ки антителаи ҳосилшуда дар бадани инсон баъди эм кардан, ин вирусро нашиносанд.
Ба ҳар ҳол мутатсияи нави коронавирус пурра омӯхта нашудааст ва нигарониҳо аз он беш аз пеш меафзоянд.
Ҳоло ки таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ дар ҷараёнанд, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз кишварҳои даъват кардааст, ки тадбирҳои зиддиэпидемиологиро вусъат бахшанд ва пайваста маълумоти заруриро дар бораи B.1.1.529 ироа кунанд.
Омикрон панҷумин насл аз коронавирус аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ҳуруфи алифбои юнонӣ номгузорӣ кардааст.
Аммо таҳлилгарон мегӯянд то кунун ҳодисаеро мушоҳида накардаанд, ки сироятшуда бо Омикрон аз поин шудани сатҳи оксиген дар хунаш шикоят карда бошад. Яъне, зарурати бистарӣ шудани бемор дар беморхона вуҷуд надорад ва аксари ин беморон ҳоло дар хона муолиҷа мешаванд. Нуктаи дигар он аст, ки ин вируси нав бештар ба ҷавонон, мардону занони то 40-сола сироят кардааст.
Нигарониҳо
Рӯзи якшанбе дар Канада ва Амрикои Шимолӣ низ гирифторон ба Омикрон ба қайд гирифта шуданд.
Рӯзи душанбе президенти ИМА Ҷо Байден изҳор дошт, ки набояд ба Омикрон дар ташвишу изтироб шуд. Президенти ИМА гуфт, ки “сабаби нигаронӣ ва воҳимаро намебинад”. Бойден дар суханрониаш дар Кохи Сафед изҳор дошт, ки Омикрон амалан муддате дар Амрико ҳам ҳузур пайдо мекунад ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест.
Рӯзи душанбе Ҷопон низ ба ҳушдори СҶТ вокуниш нишон дод ва вуруди хориҷиёнро манъ кард, ҳарчанд то кунун дар ин кишвар ягон ҳодисаи сироят ба Омикрон ба қайд гирифта нашудааст. Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида нагуфт, ки ин маҳдудиятҳо то чанд муддат идома хоҳанд кард. Аммо дар суҳбат бо журналистон изҳор дошт, ки “ин ҳама тадбирҳои муваққатианд ва ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон андешида мешаванд. То замоне идома хоҳанд кард, ки мо маълумоти пурра ва илмиву асоснок дар бораи Омикрон ба даст меорем”.
Рӯзи 28 ноябри соли равон президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса кишварҳоеро, ки вуруд аз Африқои Ҷанубиро манъ кардаанд, ба боди интиқод кашид. Вай гуфт, ки ин “тасмимҳо чизе ҷуз зарари иқтисодӣ ва харобии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ намеоранд. Ин маҳдудиятҳои осемасарона асоси илмӣ надоранд”.
Як намояндаи Иттиҳоди Африқо ҳам дар суҳбат бо ВВС кишварҳои сарватмандро омили асли пайдоиши ҳар гуна штаммҳои нав донист. Вай гуфт, ки ин мамолик захираҳои ҳангуфти вакиснаҳоро дар ихтиёри худ нигоҳ медоранд, дар ҳале, ки бояд ба кишварҳои фақир қисмат кунанд ва оламро аз хатари умумӣ наҷот бахшанд. “Марзбандиҳо ангезаҳои сиёсӣ доранд ва ҳеч асоси илмӣ надоранд. Ин дуруст нест. Чаро мо дарҳоро ба рӯи Африқо мебандем, дар ҳоле, ки ин вирус дар се қора кашф шудааст”,- гуфтааст ҳамраиси комиссияи Иттиҳоди Африқо Айоде Алакиджи.
Ахиран вакили Думои давлатии Русия Владимир Круглый гуфт, ки эҳтимолан вируси Омикрон дар Русия низ вуҷуд дорад, ҳарчанд дақиқан ягон ҳодисаи сироят ба қайд гирифта нашудааст. Онро метавонанд сайёҳони бозгашта аз Миср оварда бошанд.
Вазорати тандурустӣ в аҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз ошкор шудани ягон сироятшуда ба Омикрон хабар надодааст.