Коронавирус nCov

Марги собиқ вазири энергетикаи Русия аз COVID-19

Собиқ вазири энергетикаи Русия Сергей Шматко бар асари сироят ба коронавирус аз олам даргузашт. Шматко замони марг 55 сол дошт ва бино ба гузориши  «Газета.Ru» марги ӯ ба сабаби КОВИД-19 сурат гирифтааст.

Солҳои охир Шматко президенти ширкати «Артпол ҳолдинг» будааст. Манбаъ истинодан ба роҳбарияти ин ширкати...

Аврупо бори дигар дар гирдоби Covid-19. Баританияи Кабир истифодаи аввалин дору зидди коронавирусро иҷозат дод

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюг ҳушдор дод, ки ин минтақа дубора ба маркази авҷи коронавирус табдил мешавад ва зарфи се моҳи наздик дар ин ҷо боз ним миллион нафар эҳтимолан ҷони худро аз даст диҳанд. Сабаби инро ҷаноби Клюг дар он мебинад, ки сокинон ба таври кофӣ ваксина нагирифтаанд ва ин боис шуда, ки сироят дубора афзояд.

Хадамоти иктишофии ИМА мегӯяд сарчашмаи пайдоиши коронавирус чун муаммо боқӣ мемонад

Хадамоти махсуси ИМА ахиран изҳор дошт, ки эҳтимолан дигар манбаъи аввалини зуҳури коронавирус Covid-19 ошкор нашавад, аммо андешаи он ки ин вирус махсус чун як силоҳи биологӣ сохта шуда буд, боқӣ мемонад.

Хадамоти милии иктишофии Амрико, ки ҳоло сарварии онро Эврил Ҳэйнс ба уҳда дорад, таҳрири нави таҳлилҳо дар мавриди сарчашмаҳои коронавирусро интишор дод.

Covid-19: Оғози локдауни нав дар минтақаҳои Русия

Дар шаҳри Москав, вилояти Москав ва дигар минтақаҳои Русия аллакай маҳдудиятҳои нави зиддикоронаӣ шурӯъ гардиданд. То 7 ноябри соли равон кори қисмати бештари ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мағозаҳо, муассисаҳои хидматрасонӣ, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо маҳдуд мешавад. Дар мактабҳо таътил эълон шудааст.

Ин  маҳдудиятҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои...

Ҳисоботи комиссияи сенати Бразилия дар мавриди Covid-19 нашр шуд. Президент Болсонару ба ҷиноят зидди башар муттаҳам мешавад

Комиссияи сенати Бразилия, ки амалкарди ҳукумат ҳангоми пандемияи коронавирусро таҳқиқ мекард, ки рӯзи сешанбе хулосаи аввалини худро расман эълон намуд. Ин комиссия президент Жоир Болсонару ва дигар соҳибмансабонро ба нуҳ ҷиноят муттаҳам кардааст, ки яке аз он ҷиноят зидди башар мебошад.

Ҳафт нафар аз ҷумлаи 11 сенатори бразилӣ, ки дар ҳайати ин

Страницы