Комиссияи сенати Бразилия, ки амалкарди ҳукумат ҳангоми пандемияи коронавирусро таҳқиқ мекард, ки рӯзи сешанбе хулосаи аввалини худро расман эълон намуд. Ин комиссия президент Жоир Болсонару ва дигар соҳибмансабонро ба нуҳ ҷиноят муттаҳам кардааст, ки яке аз он ҷиноят зидди башар мебошад.
Ҳафт нафар аз ҷумлаи 11 сенатори бразилӣ, ки дар ҳайати ин комиссия шомил буданд, зери ин айбнома имзо гузоштанд. Онҳо мегӯянд президент ва ҳукумат бо амалкардҳои худ вазъро дар мавриди сироят ба коронавирус дар кишвар печидаву бадтар карданд. Онҳо сабабгори марги бештар аз 600 ҳазор сокинони ин кишвар аз Covid-19 шуданд.
Ин сенаторон президент Болсонаруро дар нуҳ маврид гунаҳгор медонанд. Онҳо президентро ба қаллобӣ, нақзи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҷиноятҳои зидди башарӣ гунаҳгор кардаанд.
Дар рӯйхати гунаҳгорон дар авҷу густариши Covid-19 дар Бразилия беш аз 70 нафар соҳибмансабони кунунӣ ва пешин, соҳибкорон, ҳамчунин фарзандони Болсонару дохил карда шудаанд.
Аммо таҳлилгарон дар Бразилия ба ин назаранд, ки дар айни замон прокурори Бразилия зидди Болсонару айб эълон намекунад, чун яке аз тарафдорони аслии ӯст.
Дар гузашта ҳам президент Болсонару ба хиёнат ба мардум дар замони Covid-19 муттаҳам шуда буд, вале ӯ хулосаҳои комиссияи сенатро ғаразнок медонад.
Дар ҳисоботи комиссияи аз ҷумла омадааст, ки ҳукумати Болсонару сиёсатеро пеш гирифт, ки сабабгори густариши коронавирус шуд, чун одамонро ба ҳосил шудани иммунитети ҷамъӣ хотирҷамъ мекард.
Дар ҳисоботе, ки иборат аз 1300 саҳифа аст, сенаторҳо тавсия додаанд, ки ба ду ширкати бузург ва 77 соҳибмансаби ҳукумат, аз ҷумла худи президент Болсонару ва ҳамчунин ду писари калонсоли ӯ айбнома эълон карда шавад.
“Онҳо маро ба наслкушӣ (генотсид) айбдор мекунанд, маро қаллобу сохтакор ва нобудкунанда меноманд. Он чи ин бачаҳо анҷом додаанд, ҳазёну сафсатта аст”, -гуфтааст президент Болсонару.
Аммо аъзои ин комиссия мегӯянд, “харҷумарҷу бесомоние, ки ҳукумати Жоир Болсонару дар замони пандемия ба вуҷуд овард, дар таърих хоҳад монд”.
Маврид ба ёдоварист, ки аввали моҳи октябри соли равон дар калонтарин шаҳрҳои Бразилия эътирозу тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баргузор шуда буданд, ки президентро дар камфаъолиятӣ дар замони ҳамагирӣ муттаҳам мекарданд ва ӯро сабабгори аслии буҳрони шадиди коронавирусӣ дар кишвар мехонданд.