Дар шаҳри Москав, вилояти Москав ва дигар минтақаҳои Русия аллакай маҳдудиятҳои нави зиддикоронаӣ шурӯъ гардиданд. То 7 ноябри соли равон кори қисмати бештари ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мағозаҳо, муассисаҳои хидматрасонӣ, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо маҳдуд мешавад. Дар мактабҳо таътил эълон шудааст.
Ин маҳдудиятҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои тиббӣ, ҳамчунин нуқтаҳои ваксинагирӣ ва тест барои Covid-19 дахл надоранд.
Дар Хасакия маҳдудиятҳо нисбатан ҷиддитаранд ва аз соати 22 то 6-и субҳ қуюди шабгардӣ эълон шудааст.
Аз 30 октябр то 7-уми ноябр дар ин кишвар бо фармони В.Путин рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шудаанд. Тибқи дастури президенти Русия сарварони минтақаҳо худашон бояд ҳал кунанд, ки дар минтақаашон кадом маҳдудиятҳоро ҷорӣ намоянд.
Бисёре аз сокинон дар пасманзараи наздик омадани локдаун ба қароре омаданд, ки рухсатии меҳнатӣ раванд. Хабар дода мешавад, ки ҷойҳо дар меҳмонҳонаҳои фароғатгоҳҳои Миср пурра фурӯхта шудаву билет барои парвоз ба Миср намонда.
Ахиран мақомоти Кремл эълон карданд, ки сайру сайёҳат барои шаҳрвандон иҷозат аст ва касе онро манъ накардааст.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Руси бар асари сироят ба коронавирус 1 123 нафар фавтиданд ва бино ба м аълумоти Росстат аз аввали ҳам агирӣ дар кишвар аз Covid-19 бештар аз 400 ҳазор нафар ҷон бохтанд.