Коронавирус nCov

Даргузашти “булбули Ҳинд” аз коронавирус (ВИДЕО)

Лата Мангешкар – пуровозатарин ҳунарманди Ҳинд дар синни 93-солагӣ бар асари олудагӣ ба бемории коронавирус  КОВИД-19  аз олам даргузашт. Бино ба гузориши хабаргузориҳои Ҳиндустон ин ҳунарманди маъруф рӯзи 6-уми феврал дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Мумбай тарки олам кардааст. Манбаъҳои хабарӣ гуфтаанд, ки Лата Мангешкар аз 8-уми январи соли равон, баъди онки ташхис шуд гирифтори коронавирус шудааст, бо ин беморӣ дасту панҷа нарм мекард. Вале ҳама гуна талошҳои табибон барои муолиҷаи булбули Боливуд бенатиҷа монд ва билохира аз олам рахти сафар баст.

COVID-19: Мубталоён дар олам ба 397,5 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон боз 4 нафари дигар гирифтори нав сабт шудааст

Австралия ба боз кардани марзҳояш барои кулли касоне, ки зидди коронавирус худро эм кардаанд, омодагӣ мебинад. Ҳинд хабар дод, ки ваксинаи русии “Спутник Лайт”-ро пазируфтааст. Индонезия маҳдудиятҳои иҷтимоиро дар пойтахт, Ёва ва Бали таҳким мебахшад. Таиланд гуфт, ки барои барҳам додани баъзе маҳдудиятҳои эълоншуда талош хоҳад кард.

Оғози фаъолияти Маркази иттилоотии зиддибуҳронии масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19. Телефони боварӣ: 511

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади амалисозии чорабиниҳои аввалиндараҷа дар доираи “Нақшаи эътинои фаврӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки табақаҳои аҳолӣ дар мавриди хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 тибқи амалигардонии фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021,№817 “Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19” таъсис дода шуд.

COVID-19: Дар олам беш аз 354 миллион нафар мубталои ин вирус шудаанд. Донишмандон мегӯянд штамми Омикрон аз чашм ҳам сироят мекунад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ифшои боз 31 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар хабар дод. Дар гузориши ин вазорат омадааст, ки аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17211 нафар гирифторони сирояти COVID-19  ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (98,9%)  шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

26 сироятшуда дар шабонарӯз. Вазорати тандурустӣ омори нави мубталоён ба коронавирусро нашр кард

Рӯзи 23 январи соли 2022  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сирояти 26 нафар ба  COVID-19 хабар дод. Дра хабари дафтари матбуотии ин ниҳод о мадааст, ки  дар маҷмӯъ аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17180 нафар гирифторони COVID-19  ба қайд гирифта шудааст. Тибқи ҳамин омор то санаи зикргардида 16971 нафар (98,9%)  шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Страницы