Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади амалисозии чорабиниҳои аввалиндараҷа дар доираи “Нақшаи эътинои фаврӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки табақаҳои аҳолӣ дар мавриди хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 тибқи амалигардонии фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021,№817 “Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19” таъсис дода шуд.
Маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки он таҳти рақами боварии 511 фаъолият менамояд, имрӯз, 2 феврали соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Пажӯҳишгоҳи тиббӣ профилактикии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, маркази мазкур бо таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, нуқтаҳои қабули зангҳои телефонӣ ҳам аз корбарони алоқаи мобилӣ ва ҳам аз пешниҳодкунандагони алоқаи телефонии маъмулии хаттӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ду басти корӣ давоми 24 соат фаъолият менамояд.
Марказ дар доираи маблағгузории “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои муқарраргардида Марказ вазифаҳои зерин роиҷро менамояд: гузаронидани машваратҳои маҷозӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавирус COVID-19; оид ба нишонаҳои асосии беморӣ; риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, моҳият ва қоидаҳои пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ, риояи масофаи байниякдигарӣ; иҷрои алгоритми амалҳо ҳангоми ошкор шудани аломатҳои сирояти COVID-19; ҳолатҳои дар хона мондан дар худмаҳдудкунӣ (карантин); макони ҷойгирӣ ва суроғаи ташхисгоҳҳои вирусологие, ки ба ташхиси занҷираи полимеразии (ПЦР) сирояти нави коронавирус COVID-19 машғуланд; пешниҳоди машварати равонӣ (психологӣ); табобат дар хона бо дарназардошти риояи қоидаҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирӣ, табобат ва назорати сироят; инчунин, тамоми масъалаҳои вобаста ба он; пешниҳоди маълумот оид ба равонасозии шаҳрвандон ба муоинаи иловагӣ, ташхис ва табобат дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ; пешниҳоди маълумот оид ба моҳият ва зарурияти иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус COVID-19 ва дигар масъалаҳои вобаста ба ваксинатсия.
Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ, риояи одоби муошират бо муроҷиаткунандагон, дар вақти муайянгардида посух гардонидан ба саволи шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба кормандони марказ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Манбаъ: Сомонаи ВТҶТ