Activities calendar

24 феврали 2022

Тарма дар ВМКБ. Касе осеб надидааст, харобиҳо низ набуданд. Роҳҳо бозанд

Рӯзи 23.02.2022, соати 16:02 дақиқа, бар асари бориш барфи зиёд дар километрҳои 42, 43-и мавзеъи Ирғазор, километри 48-мавзеъи Сист, километри 51-мавзеъи Бижури ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, самти роҳи Хоруғ-Ишкошиммуваққатан баста шуд.

Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида,  соати 20:42  дақиқа, роҳ пурра кушода гардид.

Баргузории машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ дар Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  машқҳои фармондеҳии ситодӣ дар мавзӯи «Ташкили иҷрои чорабиниҳо ҳангоми таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, огоҳонидани мудофиаи гражданӣ дар шаҳрҳо ва районхои вилоят» баргузор шуд.

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар воҳидҳои сохтории КҲФ

23 феврали соли 2022 дар тамоми воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои низомии КҲФ бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Дар ин чорабиниҳо роҳбарони раёсатҳои вилоятӣ, фармондеҳони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсӣ, собиқадорони КҲФ, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд.

Паланги барфӣ бо вуруд ба оғили як сокини Роштқалъа беш аз 20 сар чорворо даронд. Аз ҳамлаи ин даранда чӣ гуна метавон эмин буд?

23 – уми феврали соли 2022 тахминан соати 07:30 субҳ як паланги барфӣ дар оғили як сокини ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ворид шуд ва ҳайвоноти дохили онро мавриди ҳамла қарор дод. Ин даранда 20 сар чорвои хурдро даронд ва як сар чорвои калонро захмиву маъюб кард.

ПАЛАНГИ БАРФӢ (номи илмиаш Panthera uncia) як гуна аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст...