Рӯзи 23.02.2022, соати 16:02 дақиқа, бар асари бориш барфи зиёд дар километрҳои 42, 43-и мавзеъи Ирғазор, километри 48-мавзеъи Сист, километри 51-мавзеъи Бижури ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, самти роҳи Хоруғ-Ишкошим, муваққатан баста шуд.
Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида, соати 20:42 дақиқа, роҳ пурра кушода гардид.
Ҳамин рӯз соати 15:58 дақиқа дар километи 29-и мавзеъи Барчадефи ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон тарма роҳи Хоруғ-Ишкошимро муваққатан баст.
Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии ДТ-75 аз тарафи МНДРА-и ноҳияи сафарбар гардида, соати 20:44 дақиқа, роҳ кушода гардид.
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ санаи 23.02.2022 соати 16:53 дақиқа дар километри 558-и мавзеъи Синслаи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тарма шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро муваққатан баст.
Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи боркунаки фронталӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳияи сафарбар гардида, соати 18:00 дақиқа, роҳ барои ҳама намуди воситаҳои нақлиёт кушода гардид.