Activities calendar

09 феврали 2022

Даргузашти “булбули Ҳинд” аз коронавирус (ВИДЕО)

Лата Мангешкар – пуровозатарин ҳунарманди Ҳинд дар синни 93-солагӣ бар асари олудагӣ ба бемории коронавирус  КОВИД-19  аз олам даргузашт. Бино ба гузориши хабаргузориҳои Ҳиндустон ин ҳунарманди маъруф рӯзи 6-уми феврал дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Мумбай тарки олам кардааст. Манбаъҳои хабарӣ гуфтаанд, ки Лата Мангешкар аз 8-уми январи соли равон, баъди онки ташхис шуд гирифтори коронавирус шудааст, бо ин беморӣ дасту панҷа нарм мекард. Вале ҳама гуна талошҳои табибон барои муолиҷаи булбули Боливуд бенатиҷа монд ва билохира аз олам рахти сафар баст.

Ҳушдори КҲФ аз яхбандӣ, лағзиши тарма ва резиши санг

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари гарм шудани дамои ҳаво зарфи рӯзҳои охир ва боз боридани барф то 11-уми феврали соли 2022 дар силсилакӯҳҳои Ҳисор, Туркистон ва Зарафшон ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Ширкати 173 хизматчии ҳарбии Кумита дар 21 семинар, конфронс ва тамрину давраҳои омӯзишӣ (ВИДЕО)

Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ соли 2021 173 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар 21 семинар, конфронс, вохӯриҳо, давраҳои омӯзишӣ, тамринҳо дар хориҷи кишвар ширкат намуданд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Генерал Назарзода аз бунёди паногоҳҳои будубоши муваққатӣ ва тақвияти назорати Сарез суҳбат кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода иброз дошт, ки бо вуҷуди шароити ҳукмрон дар ҳамагирии Covid-19 роҳбарияти Кумита бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ 43 мулоқот (соли 2020 56 мулоқот) доир намуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.

Дар як сол 188 нафар дар ҳодисаҳои гуногуни фавқулода наҷот дода шуданд

Дар соли 2021 наҷотдиҳандагони КҲФ 758 (соли 2020 – 781) баромади фаврӣ анҷом доданд ва дар натиҷа 188 нафарро аз ҳар гуна хатарҳо наҷот доданд.  Генерал-полковник Рустам Назарзода роҳандозии корҳои садамавиву наҷотро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита донист.

Соҳибмақоми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин гуфт, ки имдодгарони ин ниҳод дар як сол 192  амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро дар обҳои кишвар анҷом додаанд. Дар баратараф намудани паёмадҳои 9 ҳодисаи лағзиши тарма, 20 ҳодисаи омадани сел ширкат кардаанд.

Оғози нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода аз вуқуъи 359 ҳодисаи фавқулода дар як сол хабар дод

Соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ (соли 2020 213 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки 59 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 42 нафар шаҳрвандони кишвар (соли 2020 8 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора лаҳзае пеш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда