Дар соли 2021 наҷотдиҳандагони КҲФ 758 (соли 2020 – 781) баромади фаврӣ анҷом доданд ва дар натиҷа 188 нафарро аз ҳар гуна хатарҳо наҷот доданд. Генерал-полковник Рустам Назарзода роҳандозии корҳои садамавиву наҷотро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита донист.
Соҳибмақоми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин гуфт, ки имдодгарони ин ниҳод дар як сол 192 амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро дар обҳои кишвар анҷом додаанд. Дар баратараф намудани паёмадҳои 9 ҳодисаи лағзиши тарма, 20 ҳодисаи омадани сел ширкат кардаанд.
Бо даъвати шаҳрвандон оби пуршуда ва хатарзои 40 таҳхонаро кашидаву манбаъи хатарро бартараф кардаанд.