Ҳушдори КҲФ аз яхбандӣ, лағзиши тарма ва резиши санг

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари гарм шудани дамои ҳаво зарфи рӯзҳои охир ва боз боридани барф то 11-уми феврали соли 2022 дар силсилакӯҳҳои Ҳисор, Туркистон ва Зарафшон ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт - Лахш, Рашт-Сангвор, Кӯлоб- Дарвоз, Ванҷ- Рӯшон- Хоруғ, Хоруғ -Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ, тӯда шудани барф дар назар аст ва эҳтимол лағзиши тармаву резиши санг низ.

КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд. Рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ширкоргоҳ ва чоравочаронӣ низ бехатар нест. 

Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, аз асбобҳои барқӣ дуруст истифода кунед ва нагузоред, ки онҳо сабаби сӯхтор шаванд. Бачаҳоро назорат кунед, беназоратии кӯдакон хатарҳое дар пай дорад.

Ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати  сафари худро ба даст оранд. Агар барфу борону хатари тарма дар ин маълумотномаҳо пешбинӣ шавад, пас аслан худдорӣ аз сафар ба манифат аст.

Мошинҳоро пеш аз сафар санҷед, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунед, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу безнзин бо худ дошта бошед.

Фаромӯш накунед, ки ба доруқутии мошин як назар андозед ва онро бо доруҳои зарурӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пахтаву дока ғанӣ гардонед. 

Ба хотирӣ таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста равед ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд. 

Риояи фосила байни мошинҳо яки дигар аз тадбирҳои таъмини амнияти шумо ва равандагони ин роҳ аст. Онро ҳатман риоя намоед!

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ 

барчасп: