Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ соли 2021 173 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар 21 семинар, конфронс, вохӯриҳо, давраҳои омӯзишӣ, тамринҳо дар хориҷи кишвар ширкат намуданд.
Бино ба гуфтаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 дар Академияи ҳимояи граждании ВҲФ ФР дар самти омодагии “Бехатарии техникӣ” дохил шуданд ду нафар шаҳрвандони кишвари мо дохил шуданд. Дар айни замон дар ин мактаби олӣ чор нафар афсарони амалкунандаи Кумита ва 18 курсант таҳсил мекунанд.
Бо роҳхати Кумита дар факултети “Пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода”-и Академияи ВКД кишвар 9 нафар курсандони КҲФ таҳсил мекунанд.
Дар Кумита ба омӯзишу таҳсилоти ҳайати шахсӣ диққати махсус дода мешавад ва мувофиқи бахши таҳлил ва баҳисобгирии кадрҳо соли 2021 афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ 14 %-ро ташкил дод.