Оғози нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода аз вуқуъи 359 ҳодисаи фавқулода дар як сол хабар дод

Соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ (соли 2020 213 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки 59 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 42 нафар шаҳрвандони кишвар (соли 2020 8 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора лаҳзае пеш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод. Нишасти матбуотии Кумита соати 11:00 бо ҳузури гарми хабарнигорони дохиливу хориҷӣ оғоз шуд.

Рустам Назарзода ҳамчунин гуфт, ки бо вуҷуди роҳандозии рейдҳо, дидору мулоқотҳо бо аҳолӣ ва корҳои таблиғотӣ аз ҷониби кормандони КҲФ ҳамоно дар обҳои кишвар одамон ғарқ мешаванд ва ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо ва кӯлҳои кишвар 155 нафар (соли 2020 107 нафар) одамон ҷон бохтаанд.   

Аз инҳо синни то 4-сола - 15, аз 5 то 10-сола 21, аз 11 то 16-сола 39, аз 17 то 35-сола 47 ва болотар аз 35-сола 33 нафар мебошанд. Дар тӯли як соли гузашта имдодгарони КҲФ 44 нафар аз ҷумлаи ғарқшудагонро наҷот доданд.

барчасп: