Лата Мангешкар – пуровозатарин ҳунарманди Ҳинд дар синни 93-солагӣ бар асари олудагӣ ба бемории коронавирус КОВИД-19 аз олам даргузашт. Бино ба гузориши хабаргузориҳои Ҳиндустон ин ҳунарманди маъруф рӯзи 6-уми феврал дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Мумбай тарки олам кардааст. Манбаъҳои хабарӣ гуфтаанд, ки Лата Мангешкар аз 8-уми январи соли равон, баъди онки ташхис шуд гирифтори коронавирус шудааст, бо ин беморӣ дасту панҷа нарм мекард. Вале ҳама гуна талошҳои табибон барои муолиҷаи булбули Боливуд бенатиҷа монд ва билохира аз олам рахти сафар баст.
Лата Мангешкар яке аз бузургтарин ва пуровозатарин хонандагони Ҳинд буд, ки садояш дар филмҳо бар рӯи иҷрои бозигарони зан, ки овозхонӣ наметавонистанд, қарор мегирифт. Ӯ фаъолияти худро соли 1942 милодӣ оғоз кард ва дар тӯли беш аз ҳафт даҳаи фаъолият беш аз 40 ҳазор тарона бо беш аз 20 забони мардуми Ҳиндустон иҷро кардааст.
Лата Мангешкар панҷумин зан ва дуввумин хонандае аст, ки болотарин нишони шаҳрвандии Ҳинд Баҳорат Роторо сазовор шудааст.
Рам Натҳ Ковинд-президенти Ҳинд дар таслияташ ба даргузашти булбули Боливуд гуфт: “Ин хабар қалбамро шикаст, ҳаммонанди миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон” ва афзуд, ки дар наслҳо эҳсосоти амиқи дарунии худро дар оҳангҳои ӯ ёфтанд.
Норандро Моди –Садриаъзами Ҳинд гуфт, ки “марги Мангешкар халое дар кишвари мо эҷод кард”.
Чандин нафар ситораҳои Боливуд аз марги Лата Мангешкар изҳори таассуфу ҳамдардӣ кардаанд. Аз ҷумла Хема Малинӣ, яке аз машҳуртарин ҳунармандони синамои Ҳинд гуфтааст, худро хушбахт медонад, ки дар чандин таронаҳои иҷрокардаи Мангешкар нақшҳои хотирмон бозидааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфтааст, ки “ҳеч кас наметавонанд монанди ӯ бихонад. Ӯ бисёр хос буд ва даргузашти ӯ хеле ғамангез аст”.
Моноҷ Боҷпоӣ – яке дигар аз ҳунармандони шинохтаи ин кишвар гуфтааст, ки “даргузашти Мангешкар поёни асри тиллоӣ барои дӯстдорони мусиқии Ҳинд аст”.
Барои чанд даҳа садои Лата Мангешкар пурфурӯштарин дар ҷомеаи Ҳинд ва қаламрави ҳамҷавори он будааст. Албоми таронаҳои ӯ даҳҳо ҳазор нашр мешуд ва ҳамзамон фурӯхта мешуд. Мегӯянд замоне, ки ӯ таронаи “Эй мардуми сарзаминам”-ро ба адои эҳтироми мондагор ва руҳангез барои сарбозони ҳиндии кушташуда дар ҷанги фоҷеабори соли 1962 бо Чинро дар як маҳфили умумӣ хонд, чашмони Ҷавоҳирлалъл Неру – нахуствазири вақт пур аз ашк шуд.
Лата Мангешкар 28 сентябри соли 1929 таваллуд шуд ва аз панҷсолагӣ таҳти роҳбарии падараш Динанат Мангешкард ба сарояндагӣ оғоз намуд. Аввалин таронаи ӯ замоне сабт шудааст, ки 13 сол доштааст.
Лата Мангешкард аслан издивоҷ накардааст ва фарзанде надошт.