Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода иброз дошт, ки бо вуҷуди шароити ҳукмрон дар ҳамагирии Covid-19 роҳбарияти Кумита бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ 43 мулоқот (соли 2020 56 мулоқот) доир намуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.
Генерал Назарзода, ки ҳамин лаҳзаҳо дар нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита суҳбат мекнуад, гуфт, ки соли 2021 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишномаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳодисаҳои фавқулода ба имзо расид.
Ҳамчунин, Лоиҳаи Тафоҳумнома миёни Кумита ва Шӯрои амнияти миллии Раёсати миллии ҳолатҳои фавқулода, бӯҳронӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Иморати Муттаҳидаи Араб ва Лоиҳаи ҳусни тафоҳум миёни Кумита ва Департаменти ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода ва эътино дар марҳилаи омодагӣ ва муайян шудани замони имзо қарор дорад.
Дар тӯли соли 2021 бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохтмони бинои нави Маркази идораи буҳронии Кумита ва муҷаҳҳаз намудани он бо таҷҳизот ва мебели зарурӣ идома дода шуд. Ғайр аз ин соли 2021 аввалин марҳилаи сохтмони Маркази миллии омӯзишӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар ноҳияи Шаҳринав бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Ам ният ва Ҳамкории Аврупо оғоз гардид.
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо соли 2021 бо дастгирии Бонки Осиёӣ бо ширкати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таҷҳизоти муосири радиолакатсионӣ ва бинои нави Хадамоти зидди жола дар шаҳри Ҳисор ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин таҷҳизоти замонавии Системаи мониторинг ва хабардоркунии бармаҳал дар кӯли Сарез ҷобаҷо карда шуд. Минтақаи фарогирии он то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
Дар соли 2021 бо дастгирии Барномаи рушди СММ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷопон сохтмони анбор барои молҳои ғайриозуқаворӣ дар ноҳияи Кушониён барои 150 оила сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар соли 2021 паногоҳ барои будубоши муваққатӣ барои зарардидагони эҳтимолӣ дар ноҳияи Сангвор ва шаҳри Роғун мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони анбор барои молҳои ғайриозуқаворӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ва паногоҳи муваққатӣ барои зарардидагон дар ноҳияҳои Файзобод ва Рашт дар марҳилаи анҷом мебошад.
Дар соли 2021 бо дастгирии шарикони байналмилалӣ, кишварҳои хориҷӣ ва ширкатҳое чун Дафтари Барномаҳои САҲА, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи бачагонаи СММ, Каритас – Швейтсария, Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Белорусия, “Газпром нефт Тоҷикистон” ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон кумаки бебозгашт расонда шуд.