Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар воҳидҳои сохтории КҲФ

23 феврали соли 2022 дар тамоми воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои низомии КҲФ бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Дар ин чорабиниҳо роҳбарони раёсатҳои вилоятӣ, фармондеҳони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсӣ, собиқадорони КҲФ, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд.

Чунончӣ, дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ намуда, сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ полковник Мираков Н. ҳозиринро бо ид муборакбод кард ва насли наврас-наҷотдиҳандагон наврасеро, ки бо Раёсат пайваста ҳамкорӣ мекунанд, ба муносибати дарёфти дараҷаҳои варзишӣ табрик намуд. 

Зимни вохӯрӣ сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд полковник Додиён Б. кормандон ва собиқадоронро бо сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ намуд. 12 нафар кормандони Раёс ат ба рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шарафёб шуданд.

Сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе полковник Шамсизода С. ба ҳайати шахсӣ саломатӣ, матонат, сулҳу субот ва дар иҷрои вазифаҳо муваффақият таманно намуд.

Дар тамоми шӯъбаҳои КҲФ чорабиниҳои савгандёдкунии кормандони ҷавон низ баргузор гардиданд.

барчасп: