Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ифшои боз 31 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар хабар дод. Дар гузориши ин вазорат омадааст, ки аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17211 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар олам ҳоло ба 354 миллиону 372 ҳазору 928 нафар расидааст. Аз аввали ҳамагирӣ аз ин беморӣ 5 миллиону 621 ҳазору 345 нафар ҷон бохтанд.
ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно се кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар сироятшуда ба COVID-19 доранд. Аз ҷумла дар ИМА шумори мубталоён ба 72 миллиону 555 ҳазору 984, дар Ҳинд 39 миллиону 543 ҳазору 328 ва дар Бразилия ба 24 миллиону 127 ҳазору 595 нафар расидааст.
Дар Фаронса то ба имрӯз 16,800,913 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва аз ин беморӣ 129 022 нафар фавтидаанд.
Дар Британияи Кабир теъдоди мубталоён ба COVID-19 ба 15 953 685 нафар расида ва то кунун аз он 153 916 нафар ҷон бохтаанд. Мақомот гуфтаанд, ки 12 404 968 нафарро муолиҷа кардаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 65 109 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, аз муолиҷа шудани 21 714 нафар дар 24 соати гузашта хабар дода шудааст ва 655 нафар фавтидаанд.
Аз аввали ҳамагирӣ дар Русия ба COVID-19 11 173 300 нафар сироят шуда ва 326 767 нафар ҷон додаанд ва 10 045 336 нафар шифо ёфтаанд.
Духтури иммунолог ва аллергишинос Владими Болибок гуфтааст, ки афзоиши суръати сирояти штамми Омикрон боиси беш аз ҳар вақти дигар аз чашм ворид шудани коронавирус мешавад.
Аз ин пештар Директори марказии илмии таҳқиқоти молекулярӣ-генетикии Русия Андрей Исаев низ гуфта буд, ки штамми Омикрон метавонад аз чашм ҳам сироят кунад.