Covid-19: Мавҷи нав ва изтиробангези сироят дар Аврупои Шарқӣ. Чин ҳамватанони сироятшуда ба коронавирусро ба Пекин роҳ намедиҳад
Чоп шуд: 26/10/2021 | redaktorБино ба гузорише, ки ахиран ВВС интишор дод, Британияи Кабир дар суръати афзоиши сироят ба Covid-19 аз ҳама давлатҳо пешӣ гирифтааст, вале ҳукумати ин кишвар талоше барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав надорад. Мавҷи нави сироят ба коронавирус кулли давлатҳои Аврупои Шарқиро фаро гирифтааст. Ин аслан ҳамин мамолике мебошанд, ки ба теъдоди камтар аз дигарон аҳолиашон воксан гирифтаанд.