Рӯзи 16 ноябри соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба Covid-19 дар оламро 254 миллиону 455 ҳазору 330 нафар эълон кард. Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ ба 5 миллиону 120 ҳазору 444 нафар расидааст. 231 миллиону 225 ҳазору 598 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Дар Австрия аз сабаби нарасидани ваксина 2 миллион нафар дар локдаун мондаанд. Тибқи қароре, ки ахиран нашр шуд ва аз рӯзи душанбе ба иҷро даромад, одамоне, ки худро зидди коронавирус эм накардаанд, танҳо дар ҳолатҳои зарурат метавонанд аз хонаҳои худ берун шаванд. Бачаҳои то 12-сола ва касоне, ки ахиран гирифтори КОВИД-19 шуда буданд, истисноянд.
Ҳукуматдорони Австрия баъди он ки дар мамлакат шумори гирифторон афзуд, даст ба чунин иқдом заданд. Зарфи 7 рӯз ба ҳар 100 ҳазор нафар беш аз 800 нафар гирифтор шуданд, ки ин болотарин сатҳи мубталоӣ дар Аврупост.
Рӯзҳои истироҳат садҳо нафар ба нишони эътироз аз тасмими ахир дар назди бинои ҳукумат бо шиори “Ҷисми ман. Худи ман бояд тасмим гирам!” даст ба тазоҳурот заданд.
Дар Олмон шумори сироятёфтагон дар як ҳафтаи охир аз 289 то 303 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафар афзоиш ёфт, ки ин болотарин сатҳи гирифторӣ дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ мебошад. То кунун дар Олмон 97 715 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд. Мақомоти тандурустии Олмон ахиран эълон карданд, ки то ба имрӯз 67,3% сокинон худро зидди коронавирус эм кардаанд, ки ин кофӣ нест.
Эҳтимол меравад рӯзҳои наздик дар минтақаҳои ҷудогона ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши сироят барои касоне, ки худро эм накардаанд, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шавад.
Дар Русия то ба имрӯз ҳамагӣ 33% аҳоли ваксина гирифтаанд. Барои сокинони ин кишвар дар айни замон танҳо ваксинаҳои тавлиди ватанӣ дастрас аст ва ин вакиснаҳо дар аксари кишварҳои олам эътироф нашудаанд. Эмшудагон бо ин ваксина мушкили сафар ба кишварҳои хориҷӣ доранд. Ин аст, ки вақтҳои охир теъдоди зиёди шаҳрвандони Русия ба Хорватия мераванд, то худро бо вакиснаҳое, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эътироф кардааст, эм кунанд.
Дар Британияи Кабир зарфи як шабонрарӯзи гузашта 39 905 нафарро чун сироятшудаи нав сабт кардаанд ва шумори умумии мубталоён ба Covid-19 дар ин кишвар ба 9 миллиону 600 ҳазору 369 нафар ва фавтидагон ба 142 ҳазору 945 нафар расид.
Қазоқистон ахиран аз фавти боз 15 нафар аз Covid-19 хабар дод. Бино ба гузориши вазорати тандурустии ин кишвар шумори мубталоён аз аввали ҳамагирӣ 957 537 нафарро ташкил додааст.
Дар Ӯзбекистон то ба имрӯз 189,915 нафар мубталои Covid-19 шуданд. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ 1 358 нафар эълон шудааст.
Шоми гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи ахир дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар охирин хабаре, ки сомонаи ин вазорат нашр кардааст, омада: Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17091 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16965 нафар шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.