Бино ба гузориши Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то 22 ноябри соли ҷорӣ дар олам 257 миллиону 806 ҳазору 835 нафар ба COVID-19 сироят шуданд ва аз ин беморӣ то кунун дар саросари олам 5 миллиону 167 ҳазору 497 нафар ҷон бохтанд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия се кишваре мебошанд, ки шумори зиёди гирифторон доранд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 36 970 нафар чун мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва теъдоди умуми гирифторон дар ин кишвар ба 9 миллиону 331 ҳазору 158 нафар расидааст.
Дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави сироят ба Covid-19 шабонарӯзи гузашта сабт нашудааст.
Тибқи охирин маълумоте, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз тариқи сомонаи худ расонаӣ кард, 19 ноябри соли равон “дар мамлакат 4 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст”. Дар идомаи хабар омадааст, ки аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17095 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16966 нафар шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Рӯзҳои истироҳат рӯзҳои эътирозу эътисоб дар Аврупо ба хотири ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои тоза барои пешгирӣ аз авҷи нави коронавирус дар иддае аз ин кишварҳо буд. Рӯзи якшанбе бештар аз 30 ҳазор нафар ба кӯчаву хиёбонҳои Брюсел рехтанд ва шиорҳои зидди маҳдудиятҳо сар доданд. Барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз обпошҳо ва гази ашковар истифода карданд. Аз захмиву маҷрӯҳ шудани афрод аз ду ҷониб низ гузоришҳо расидаанд.
Дар ин пештар дар шаҳрҳои Гаага ва Роттердам мардум тазоҳурот карда буданд. ВВС гузориш дод, ки эътирозҳо дар ин ду шаҳр рӯзи ҷумъа оғоз шуда буданд. Ҳукуматдорони Нидерландия ин ҳамаро айёшӣ аз ҷониби мардум қаламдод карданд ва аз рӯи ҳодисаҳои захмӣ шудани одамон тафтишот оғоз намуданд.
Дар Вена низ даҳҳо ҳазор нафар зиддии нақшаи ваксинатсияи ҳукумати кишвар даст ба эътироз заданд. Ҳукумати ин кишвар ахиран ба қароре омад, ки аз моҳи феврал ваксина гирифтанро маҷбурӣ эълон кунад. Аҳолӣ ҳамчунин дар эътироз ба маҳдудиятҳои нав шиорпартоӣ карданд.
Бино ба гузоришҳои расида Австрия ба муддати се ҳафта кулли мағозаҳои ғайриғизоиро баст, тибқи дастури нав аз хона бе зарурат набояд берун шаванд. Ба волидон гуфта шудааст, ки кӯдакони худро тӯли ин муддат дар хонаҳояшон нигоҳ доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки боғчаву кӯдакистонҳо фаъоланд ва маҳдудиятҳо ба онҳо дахл надоранд.
Мақомот гуфтаанд, ки ин маҳдудиятҳои се ҳафта, то миёнаҳои моҳи декабр идома хоҳанд кард. Баъди ин ҳукуматдорон барои касоне, ки то ин дам худро зидди КОВИД-19 эм накарданд, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ хоҳанд кард.