Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу боронҳо ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2021 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Борон меборад, дар кӯҳҳо ва минтақаҳои назикӯҳӣ барф мерезад.

Боронҳои шадид дар минтақаҳои  кӯҳиву талу теппаҳо метавонад сабабгори лағзишу рониши замин шавд, сатҳи обро дар махзанҳои об, рӯдхонаҳо боло барад, ки сабабгори шуста шудани соҳилҳои дарёҳо ва кӯлҳо гардад. Лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел низ аз эҳтимол дур нест. Ҳавои номуносиб метавонад чорвочаронӣ дар даштҳо ва чарогоҳҳоро ҳам мушкил кунад.

Резиши боронҳои шадид метавонад обхезӣ ба дунбол дошта бошад, сел метавонад роҳҳоро пахш кунад, пулҳои паст ва сарбандҳои осеббпазирро барканад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон тавсия намедиҳад, ки дар ин гуна ҳолатҳо дар назди махзанҳои об, обанборҳо набошанд ва моҳигирӣ накунанд. Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад чораҳои бехатариро риоя кунанд, дар ин гуна рӯзҳои пурбориш ва селовар аз рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо, ғунучини ҳезуму гиёҳон худдорӣ намоянд. Бахусус ба кӯдакон диққат диҳанд ва онҳоро беназорат нагузоранд. Онҳоро ба чарогоҳ чорвочаронӣ ва ё анҷоми корҳои дигар нафиристанд.

Ҳамчунин КҲФ ба шарвандоне, ки дар деҳот ва маҳалҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳамеша мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, ҳамеша телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, дорухонаи хусусии худро бо доруҳои зарурӣ ва лавозимоти тиббӣ пур кунанд ва системаҳои иловагии рӯшанидиҳанда дошта бошанд.

КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳама ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро сари вақт тоза кунанд, монеъи вуруди оби зиёд ба хонаҳову ҳавлиҳои худ шаванд.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, равуои худро маҳдуд кунанд ва аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд. Бахусус ҳангоми ҳаракат дар шабҳангом бештар аз эҳтиёт кор гиранд. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва суръати ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ҳангоми бориши барфу боронро риоя намоянд.

Ба одамони гирифтори  бемориҳои дилу раг тавсия медиҳад, ки ҳамеша доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд, эҳтиёт кунанд.

Ҳамеша сокинон бояд мутаваҷҷеҳи эълонҳои КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёт бошанд. Дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи фавқулода ба шумораи телефонҳои қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддав:

112,

93 880 28 19,  

223 13 11  муроҷиат намоянд.

барчасп: