Боздидҳо дар қисмҳои низомӣ

Ҷиҳати шарҳу эзоҳи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулини Дастгоҳи марказии Кумита ва намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Кумита вохӯриҳо ва суҳбатҳои муфиду судманд гузаронида шуд. 

Ҳамзамон, дар раванди баргузории вохӯриҳо, оид ба пешгирии густариши ғояҳои экстремизм  ва терроризм, раванди шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳаргуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ маълумот дода шуд.

Мансур Назаров - намояндаи Кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва расму маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамиров қайд кард, ки терроризм ва экстремизм ҳеч иртиботе ба Ислом надоранд. Дар асл ислом динест, ки ахлоқи поку ҳамидаро таблиғ менамояд, инсонҳоро ҳимоя мекунад, онҳоро поктар месозад, на ин ки онҳоро аз нигоҳи ахлоқӣ ва ҷисмонӣ хароб созад. 

Дар раванди суҳбат мавзӯъҳои танзими ҷашну маросим ва тарбияи фарзандон аз ҷониби волидайн, роҳҳои тарбияи онҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.

Ин мулоқоти хотирмону самимӣ таассуроти хубе ба сарбозони қисмҳои ҳарбӣ боқӣ гузошт.

барчасп: