Ҳалокати падару писар дар як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Як мошини бензинкаши тамғаи “Дулан” дар километри 64,100 шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронанда ва мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 20 феврал соати 15:40  дақиқа рух додааст ва сабаби он аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.

Ронандаи ин мошин 29 сол дошта, истиқоматкунандаи деҳаи Муъминободи ноҳияи Файзобод будааст ва он рӯз аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд.

Мусофири мошин  падари 53-солаи ронанда будааст. 

Сокинони маҳал ҷасади падару писарро аз нишебӣ бароварда, ба бемористони ноҳиявии Варзоб интиқол додаанд ва аз он ҷо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. 

Сабабҳои фоҷеа ва марги ин ду тан таҳқиқ мешавад.

барчасп: