16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз дар роҳи Хоруғ – Ишкошим. Тарма ва сангрезиш роҳро муваққатан баст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон аз сабаби гармии ҳаво ва баъдан бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Чунончӣ, зарфи як шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар қаламрави деҳаи Риҷисти ҷамоати Қурбоншоҳ Гадоеви ноҳияи Роштқалъа резиши санг ба қайд гирифта шуд. Сангрезиши Роштқалъа як хонаи истиқоматиро қисман вайрон кард. Дар айни замон роҳи Хоруғ-Ишкошим баста аст.

Барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст, то паёмадҳои ин офат бартараф карда шавад. Ҳоло корҳои поксозии роҳ ба шиддат идома доранд.

Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Ба сабаби бад шудани вазъи ҳаво Кумита як бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругаштҳо дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд. 

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттило пайдо кунанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. 

Дар роҳҳои эҳтиёткор бошед, суръатро боло набаред! Ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар нагузоред!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хотиррасон мекунад: ХАТАРИ ЛАҒЗИШИ ТАРМА ВА САНГ БОҚӢ МОНДААСТ!

барчасп: