Ҷаласаи навбатии гурӯҳи РЕАКТ ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд. Ширкаткунандагон ба фаъолияти муштарак дар коҳиши хатари офатҳо таъкид карданд (ВИДЕО)

19 апрели соли 2021 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу бо иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд.

Сарвари Кумита дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд: «Танҳо тавассути амалиёт ва ҳамоҳангсозии муштарак мо метавонем дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ натиҷаҳои беҳтар ба даст орем ва ба аҳолии ниёзманд ҳамаҷониба кӯмак расонем. Боварӣ дорам, ки шиори мо дар бораи муттаҳид сохтани неру, қобилият дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмак  дар кори муштараки оянда боқӣ хоҳад монд”.

Дар ҷараёни ҷаласа ба иштирокчиён маълумот дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи ба қайд гирифташуда дар кишвар  пешниҳод карда шуд. Ҳаҷм ва намудҳои кӯмак ба аҳолии зарардида аз ҷониби Ҳукумати кишвар номбар ва ба нақши ҳамоҳангсози КҲФ дар вокуниш таъкид карда шуд.  

Ба иштирокчиён дар бораи фаъолияти зидди эпидемиологии КҲФ ва шарикон аз  гурӯҳи REACT дар давраи ҳамагирии коронавирус маълумот дода шуд.   Намояндаи Агентии обуҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева вазъи ҳаво дар кишвар дар моҳи майро таҳлил намуд ва дар бораи баъзе падидаҳои он дар моҳҳои оянда маълумот дод.   

Ба иштирокчиёни ҷаласа  дар бораи ба итмом расидани Стратегияи КҲФ / REACT оид ба вокуниши башардӯстона ба COVID-19, омодагии байниидоравии REACT барои вокуниш ба ҳолати фавқулодда, лоиҳаи кластери ҷаҳонии логистикӣ оид ба омодагиҳо дар маҳалҳо, ташкили пайванди алоҳида барои гурӯҳи REACT дар сомонаи КҲФ ва масъалаҳои дигар иттило дода шуд.

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, ба вижа вазъи кунунии коронавирус дар минтақа ва дар маҷмӯъ дар ҷаҳон назари воҳид доштанд.

Зикр бомаврид аст, ки ҷаласаи REACT ҳузурӣ ва онлайн баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар иштирокчиёни аз минтақаҳои дур ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок карданд. 

Дар поёни ҷаласа, иштирокчиён самтҳои афзалиятноки кори муштараки минбаъдаро дар мавриди коҳиши хатари офатҳо ва пешгирии ҳамагирии COVID-19 муайян карданд.