19 феврали соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сарвари нави Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виктор Олсавски мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумита ҷаноби Олсавскиро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъулият таъин шуданаш муборакбод кард ва ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои кумакҳои бедареғаш дар мубориза зидди коронавирус дар соли 2020 изҳори сипос намуд.
Дар доираи мулоқот ба Кумита 10 адад монитор барои чен кардани якчанд параметрҳои физиологӣ, ба монанди: электрокардиограмма, набз, фишори хун, ҳарорати бадан ва 15 адад портативи функсионалӣ ва ғайра супурда шуд.
Сарвари Кумита аз ин кумак изҳори ташаккур кард ва таъкид намуд, ки ин таҷҳизотҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои беҳтар шудани сифати санҷишҳо ва амалиётҳо истифода хоҳанд шуд.
Ҷаноби Олсавски дар навбати худ барои қабулу гарму суҳбати муфид изҳори сипос кард ва ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва КҲФ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода таъкид намуд.