Ин ҳодиса дирӯз дар Ислом-Қалъаи вилояти Ҳироти Афғонистон рух дод ва дастаи сӯхторнишонҳои минтақа аз уҳдаи хомӯш кардани забонаи оташ набаромад. Баъдтар ҳукуматдорони Эрон ба нуқтаи гумрукӣ мошинҳои сӯхторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ фиристоданд. Танҳо рӯзи дуюм муяссар шуд, ки оташ хомӯш карда шавад. Мақомот мегӯянд ҳаҷми зарари расида ҳисоб мешавад.
Наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуданд, баёнгари онанд, ки алангаи сӯхтор шабоҳат ба як инфиҷори шадид дорад ва майдони гуфтардаеро ба бар гирифтааст. Расонаҳои эронӣ аз таркиши як анбори нигадории маводи сӯхт, ки газ захира доштааст, хабар дода буданд.
Таҳлилгарон мегӯянд ин сӯхтори азим ба соҳибони мошинҳои боркаш зарари ҷуброннопазир расонд. Хати интиқоли неруи барқ ҳам хароб шуд, бахше аз хонаҳо дар вилояти Ҳироти Афғонистон бе рушноӣ монданд.
Бисмиллоҳ Султон, як тан аз ронандаҳои ин мошинҳо гуфтааст, ки “чор мошини ман пурра сӯхт. Мо бензин мекашидем. 12 нафар будем ва ин тиҷорати мо 150 нафарро мехӯронд”.
Муҳаммад Довуд ном соҳиби як мошини дигар гуфтааст, ки ин фоҷеа аст ва миллионҳо доллар зарар дорад. Аз ҳама бештар ва асосан соҳибкорону одамони одӣ зарар диданд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд ба тафтиши сабабҳои ин фоҷеа пардохтаанд. Вале то кунун ҳеч иттилое аз ошкор шудани омили ин оташсӯзӣ расонаӣ нашудааст.
Соли 2018 ИМА зидди Эрон таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ҷорӣ кард. Вале тибқи як муоҳада Кобул ризояти ворид кардани нефти Эронро ба даст овард.
Нуқтаи марзии Ислом-Қалъа нуқтаи аслӣ ва хеле муҳими интиқоли колои тиҷорати миёни Эрон ва Афғонистон мебошад.