видео

Намояндагони воситаҳои ахбор дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чиро диданд? (ВИДЕО)

12 ноябри соли 2020 наздик ба 20 нафар аз ҷумлаи намояндагони воситаҳои ахбор дар доираи як барномае, ки Созмони ҷамъиятии “Хома” ташкил карда буд, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Барои ироаи иттилои комил дар бораи кори идораи наҷоти кишвар дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ... 

Оғози як давраи омӯзишии даҳрӯза барои кормандони Хадамоти зидди жолаи КҲФ (ВИДЕО)

Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони хадамоти зидди жолаи КҲФ дар Маркази таълимӣ ва методии ҷумҳуриявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои омӯзиши барномаҳои компутерӣ барои кормандони ин хадамот оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳ Раиси Кумита, генерал-лейтенант...

Ғолибони викторинаи радиоӣ соҳиби ҷоизаҳо шуданд

22 октябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони викторина бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид. Панҷ ғолиби озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ,

Радиовикторинаи мустақим бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо (ВИДЕО)

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар кишвар бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, идома доранд.

Чунончӣ, 17 октябри соли 2020 дар "Радиои Ватан" зимни як пахши мустақим муколамаи иттилоотии мутахассисони...

Анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 наҷотдиҳандаи ҷавон дар КҲФ. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд (ВИДЕО)

Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 нафар наҷотдиҳандагони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат варзиданд.

Страницы