Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар кишвар бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, идома доранд.
Чунончӣ, 17 октябри соли 2020 дар "Радиои Ватан" зимни як пахши мустақим муколамаи иттилоотии мутахассисони Кумита бо шунавандагони радио баргузор гардид. Тӯли ду соат кормандони КҲФ ба саволҳои ровиён ва шунавандагони радио посух доданд.
Ёдоварӣ аз рафтори дуруст ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ, огоҳии онҳо - ин ва бисёр чизҳои дигар дар студияи Радиои Ватан мавриди суҳбат қарор гири фтанд.
Ғайр аз он, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Маҳалли зист викторинаи радиоӣ баргузор гардид. Ба шунавандагони радио дар мавзӯи ҳолатҳои фавқулодда тариқи онлайн савол дода шуд.
Дар охири сӯҳбат кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шунавандагони радио муроҷиат карданд: «Имрӯз дар студия мо бисёр нуктаҳои муҳими марбут ба бехатариро баррасӣ кардем, ба саволҳои шумо посух додем. Мо мехоҳем рақами ягонаи телефони фаврии "112" -ро хотиррасон кунем, то шумо қоидаҳои бехатариро риоя намоед.
Бехатарии шумо дар дасти худи шумост!”.