Activities calendar

03 октября 2020

Қисми навбатдорӣ хабар медиҳад: Имдодгарон дарахти афтода болои як бомро бардоштанд, дари бастаи оҳаниро кушоданд ва мушкили сокинонро осон карданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дар шабонарӯзи гузашта дарахти уфтодаро бардоштанд ва хатари болои боми хонаро бартараф намуданд ва як дари бастаро ҳам боз кардаву мушкили соҳиби онро осон намуданд.

 

COVID-19: Ниқобро чӣ гуна бояд пӯшид? Ҷаримабандиҳои бесобиқаи вайронкунандагони қоидаҳои беҳдоштӣ дар Москав: аз 500 то 1 миллион рубл

Ниқобро бояд аз кадом тараф пӯшид? Дар ҳоле, ки намепӯшед, онро бояд куҷо гузоред? Ҳар гуна ниқоб беҳтар аз бениқоб будан аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки доим як ниқобро такрор ба такрор напӯшед ва қоидаҳои истифода аз ниқобро донед.

Ниқобро бояд тибқи дастури он пӯшед ва ин ба рангу намуди он вобаста нест. Тарафи тозаи он бояд ба рӯй часпида...