Ширкат дар барномаи мустақими радиои “Азия плюс»
Чоп шуд: 24/10/2020 | adminАхиран кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи мустақим ва маъруфи "Камбэк Шоу" – и радиои “Азия Плюс" ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии суҳбат дар ин барнома фаъолияти дастаҳои садамавиву наҷот ва кори идораи наҷоти кишвар дар умум буд. Баҳсу баррасӣ атрофи ин мавзӯъ бахусус дар остонаи фасли зимистон хеле муҳим ва саривақтӣ буд.