Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Марко Поло – аввалин сайёҳи аврупоӣ дар Осиё. Қиссаи машҳуртарин китоби олам, ки дар зиндон навишта шуд
Чоп шуд: 09/10/2020 | redaktorҚубилайхон аслан намехост Полоро ҷавоб диҳад, то вай ба ватанаш баргардад. Аммо ҳодисае пеш омад, ки ба нафъи Марко Поло анҷомид. Шоҳдухтарони муғул ва Чинро Қубилай ба зании ҳокими Форс ваъда карда буд ва хонаводаи Полоро лозим омад, ки онҳоро раҳнамоӣ кунанд. Корвон бо тӯҳфаҳои гаронарзишро наметавонистанд бо роҳҳои хушкӣ фиристанд, чун хатар дошт ва имкон дошт ба ҳамлаи кӯчиён рӯ ба рӯ шавад.