Ҳавои сарду бодҳои тез. Борони водиҳову барфи баландкӯҳҳо. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 08/10/2020 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки то 12 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шамол дар як сония аз 10 то 15 метр мевазад. Дар баъзе қисматҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 2000 метр) барфи тар меборад.