Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки то 12 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шамол дар як сония аз 10 то 15 метр мевазад. Дар баъзе қисматҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 2000 метр) барфи тар меборад. Ғайр аз ин дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ ҳаво аз 1 то 3 дараҷа сард мешавад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар ва бахусус онҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ истиқомат мекунанд, муроҷиат мекунад, ки сардиҳои аввал зарар ба зироатҳои кишоварзӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, сокинон бояд сари вақт ҳосили саҳроро ҷамъоварӣ кунанд ва зироатҳои ҳанӯз нарасидаро рӯпӯш намоянд.
КҲФ бо эҳтиром хоҳиш мекунад ба сектори чорводорӣ бештар диққат диҳанд ва ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд.
КҲФ тавсия медиҳад, ки ҳангоми шиддати шамол берун шудан аз бинову иншоотҳоро маҳдуд кунанд. Муҳимтар аз ҳама бачаҳоро беназорат нагузоранд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан суръат ва фосиларо риоя намоянд.
Рӯзҳои бронӣ дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимоли резиши санг зиёд аст, аз ин рӯ риояи қоидаҳои бехатарӣ муҳим мебошад.