Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Анҷом
Чоп шуд: 16/10/2020 | adminАдмирал аз Доминик ба Эспанола равон шуд ва дар роҳ ҷазираҳои зиёдеро кашф кард. Бисёри онҳо имрӯз ҳам номҳоеро ҳифз кардаанд, ки Колумб дода буд: Гваделупа — ба шарафи ибодатгоҳи машҳури Испания Марияи Муқаддас дар Гвадалупа, Монсеррат — ба ифтихори ибодатгоҳ дар Каталония, Сан-Кристобал — ба шарафи ҳокими Колумб, Христофори Муқаддас, ки баъдан онро инглисҳо ишғол карданд ва номашро ҳамон