Субҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори сироятшудагон ба коронавирус Covid-19 дар саросари олам аз 39 миллион гузашт. Дар як шабонарӯз 133 ҳазору 179 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 103 ҳазору 379 нафар фавтидаанд ва дар 24 соати гузашта 2621 мубтало ба коронавирус тарки олам кард. Ҳамзамон аз муолиҷаи пурраи 29 миллиону 397 ҳазору 835 нафар хабар дода мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 38 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шуда, теъдоди фавтидагон ба 80 нафар расидааст. Ин манбаъ аз муолиҷаи 9317 нафар хабар дод. Гуфта мешавад, ки теъдоди умумии мубталоён ба коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 10374 нафар расидааст.
Ҳукумати Британияи Кабир дар мубориза бо коронавирус аз имшаб дар Лондон, графигарии Эссекс, ки бо он ҳаммарз аст, ҳамчунин дар чандин шаҳрҳои Англия, аз ҷумла Йорк ва Частерфилд маҳдудиятҳои нав ҷорӣ хоҳад кард. Зарфи се ҳафтаи охир теъдоди сироятёфтагон дар як рӯз аз 4 то 16 ҳазор нафар афзудааст. Ҳукумат гуфтааст, ки дар бемористонҳои баъзе манотиқи кишвар аллакай кати хоб барои бистарӣ кардани сироятшудагон басанда нест.
Дар Олмон ҳукукматдорон аз аҳолӣ хостаанд фосилаи иҷтимоиро ҷиддан риоя намоянд, ҳатман ниқоб дошта бошанд.
Дар Фаронса аз 17 октябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Порис, Лилл, Марсел, Гренобл, Лион, Руан, Сент-Этйен, Тулуз ва Монпел қуюди шабгардӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Дар ин шаҳрҳо аз соати 21:00 то 06:00 танҳо бо рухсатномаи махсус метавонанд ба кӯча бароянд. Ҳамаи ошхонаҳо, театрҳо ва майдонҳои консертӣ фаъолияти худро боздоштанд.
Шумори нав сироятшудагон дар Италия зарфи як шабонарӯзи гузашта ба 8 ҳазору 804 нафар расид, ки ин назар ба як рӯзи пеш қариб 1,5 ҳазор зиёд аст. Дар як шабонарӯз дар ин кишвар 83 нафар аз коронавирус фавтиданд, ки дар қиёс ба як рӯзи пеш ду баробар бештар мебошад.
Нидерландия аз ошкор шудани 7,8 ҳазор сироятёфтаи нав дар як шабонарӯз хабар дод. То кунун 6,6 ҳазор нафар мубталоён ба ин беморӣ тарки олам кардаанд.
Дар Финландия ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки талош кунанд бештар ба фаъолияти фосилавӣ гузаранд, то шумори нав сирятшудагон коҳиш ёбад. Ғайр аз ин ҳукумат теъдоди ширкаткунандагон дар ҷамъомадҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад. Дар баъзе минтақҳо пешниҳод шудааст, ки роҳандозии ҳар гуна тадорукотро манъ кунанд, баъзе дигар қисматҳои кишвар аллакай теъоди ширкаткунандагонро то 10 нафар муайян кардаанд.
Дар Словакия доштани ниқоб дар дохили иншоотҳо ва ҳавои кушод ҳатмӣ шуд, ҳамаи чорабиниҳо ба ҷуз бозиҳои варзишӣ, ки бе ширкати мухлисон мегузаранд, манъ аст. Маросимҳои тамъид, гӯручӯб ва тӯйҳо бо риояи фасила миёни одамон то 15 метри мураббаъ гузаронида мешаванд. Нақзкунандагони ин қонунҳо то 20 ҳазор евро ҷарима хоҳанд шуд.
Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ҳамоиши дурӯзаи сарварони ИА дар Брюселро баъди ду соати ифтитоҳи он тарк кард. Барояш маълум шудааст, ки чанде пештар бо касе иртибот доштааст, ки ба КОВИД-19 сироят шуда будааст.
Шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 13 ҳазору 754 сироятшудаи нав ба COVID-19 ошкор шудааст, ки 3427 нафари онҳо аломати сироят надоштанд. Шумори бештари мубталоёни нав дар шаҳрҳои Москав (3942 нафар. Рӯзе пеш 4573 нафар буд), Санк-Петербург (638 нафар) ва Подмосковйе (439 нафар) ба қайд гирифта шудаанд. Шабонарӯзи гузашта дар Русия аз ин беморӣ 286 нафар фавтидаанд.
Дар Қазоқистон 110 нафар мубталои нав ба коронавирус сабт шудааст, ки 27 нафар бештар аз як рӯзи пеш аст. Дар пойтахти Қазоқистон ҳоло чораҳои зиддивирусӣ шадидтар шудаанд. Барои коҳиши иртиботҳо миёни шаҳриён якбора чандин тадбирҳои шадид роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, на камтар аз 60% кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимият ба низоми фосилавии фаъолият мегузаранд.
То рӯзи 15 октябри соли равон дар Қирғизистон 50 ҳазору 589 ҳодисаи сироят ба коронавирус COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Дар ин кишвари ҳамсоя аз аввали пандемия 518 нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд.