Activities calendar

12 октября 2020

Чорабиниҳо бахшида ба рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Чорабиниҳо бахшида ба рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо муддати як ҳафта бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ дар қаламрави кишвар як силсила тадорукот, “мизҳои гирд”, мулоқотҳо, дидорҳои телевизионӣ, радиовикторинаҳо, тамринҳо гузаронида хоҳанд шуд, ки имкон хоҳанд дод огоҳиҳои...

Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон

Дирӯз 11 -уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳимму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доданд.
Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ахбори Қисми навбатдорӣ: Аз дарҳои бозкарда то наҷоти як саги дар чоҳ уфтода ва кашидани об аз як таҳхона | Видео

Зарафи як шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи щолатҳои фавҳулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо лозим омад ду маротиба барои боз кардани дарҳои оҳании басташудаи сокинон аз қароргоҳи худ берун шаванд. Кормандони фавриро лозим омад ин ду бор ҳам сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шаванд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус

КМИР: Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% раъйи интихобкунандагон Президенти Тоҷикистон шуданд

КМИР

Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт.

Covid-19: Таҳқиқ шудааст, ки вирус дар банкнотҳо ва оинаи смартфонҳо бештар аз он сироятшаванда боқӣ мемонад, ки пештар ҳадс зада мешуд

Субҳи имрӯз, 12 октябри соли 2020 шумори мубталоён ба коронавирус дар олам 37 миллиону 748 ҳазору  234 нафар эълон шуд. Шумори нав сироятшудагон ба Covid-19 дар шабонарӯзи гузашта 49 020 нафар будааст. То кунун аз ин беморӣ дар кулли кишварҳои олам 1 миллиону 081 ҳазору 443 нафар фавтидаанд. Шумори ҷонбохтагон дар шабонарӯзи гузашта 1 ҳазору 31 нафар буд. То ба имрӯз аз ин беморӣ 28 миллиону 350 ҳазору