Зарафи як шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи щолатҳои фавҳулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо лозим омад ду маротиба барои боз кардани дарҳои оҳании басташудаи сокинон аз қароргоҳи худ берун шаванд. Кормандони фавриро лозим омад ин ду бор ҳам сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шаванд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарҳои бастаро боз кунанд. Дар яке аз ин хонаҳо бачаҳои ноболғи дар хона ва волидон дар беруни дар монда буданд.
Об таҳхонаи бинои 63/1 дар кӯчаи Лоҳутиро пур кард, ки ин ба манзили зисти сокинон хатар дошт. Дар баробари дарёфти хабар имдодгарон сари вақт расиданд ва обро аз таҳхона берун кашиданд ва хатар рафъ шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳар ҳолате наҷотдиҳандагон вазифаи хидматии худро иҷро карданд. Аммо наҷоти саге аз қаъри як чоҳи об рӯйдоди нодир дар амалиётҳои имдод ба шумор меравад.
11 октябри соли 2020 соати 16:20 дақиқа журналисти тоҷик Бахтовар Сафаров ба қисми навбатдории КҲФ хабар дод, ки дар як чоҳе воқеъ дар минтақаи 33 пойтахт саге дармондаву илоҷи берун овардани он нест.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба то қаъри чоҳ расиданд ва сагро беосеб ва зиндаву саломат берун оварданд.