Activities calendar

29 октября 2020

Заминларза дар Тоҷикистон. Маркази он 283 километрии шаҳри Душанбе. Хисорат ва талафоти ҷонӣ нест

Баъд аз зуҳри имрӯз, 29.10.2020 соати 14:32 дақиқа дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази заминларза  283 километраи ҷанубу шарқи аз шаҳри Душанбе ва аз шарқи Хоруғ 15 километр дуртар буд.

Қувваи заминларза дар марказ 5 бал,  дар шаҳри  Хоруғ...

Китоби нав: “Дараи Камароб”

Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва тавсифи табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои обӣ, вазъи радиатсионӣ мебошад.  Дар он оид ба табиати мавзеи дараи Камароб маълумот гирд оварда шуда, хусусиятҳои табиӣ-географӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, гуногунии биологӣ захираҳои обӣ, вазъи радиатсионии ин мавзеи табиӣ тавсиф карда шудааст. Барои касоне, ки дар самти ҳолатҳои

Мулоқоти судманд. Дар Раёсати КҲФ дар бораи пешгирӣ аз коронавирус суҳбат карданд

Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Раёсати таъминоти техникӣ, озуқа ва нақлиёти КҲФ мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба мутахассисон дар бораи таърихи

Рӯзи Дарҳои боз дар Раёсати Хатлон

Дар доираи барномаҳои инъикоси фаъолияти дастаҳои наҷот ва ҷалби таваҷҷуҳи кадрҳои ҷавон ба кор дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисттон дар вилояти Хатлон барои донишомӯзони коллеҷи тиббии шаҳри Бохтари вилоят Рӯзи Дарҳои боз гузаронида шуд.

Кормандони Раёсат ба донишҷӯён дар бораи таърихи

Covid-19: Аврупо тадриҷан ба карантин ва маҳдудиятҳои шадидтар бармегардад. Болотарин сатҳи сироят ва маргумир аз коронавирус ҳамоно дар ИМА ва Ҳинд аст

Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 131 ҳазору 101 нафар ба Covid-19 мубтало шудаанд ва шумори умумии сироятёфтагон ба  44 миллиону 774 ҳазору 241 нафар расидааст. То кунун бар асари коронавируси нав дар кулли кишварҳои олам 1 миллиону 179 ҳазору 224 нафар фавтидаанд. То кунун аз ин беморӣ 32 миллиону 727 ҳазору 138 нафар пурра муолиҷа шуда, ҷон ба саломат бурдаанд.