Заминларза дар Тоҷикистон. Маркази он 283 километрии шаҳри Душанбе. Хисорат ва талафоти ҷонӣ нест

Баъд аз зуҳри имрӯз, 29.10.2020 соати 14:32 дақиқа дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази заминларза  283 километраи ҷанубу шарқи аз шаҳри Душанбе ва аз шарқи Хоруғ 15 километр дуртар буд.

Қувваи заминларза дар марказ 5 бал,  дар шаҳри  Хоруғ  4 балро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: