Дар доираи барномаҳои инъикоси фаъолияти дастаҳои наҷот ва ҷалби таваҷҷуҳи кадрҳои ҷавон ба кор дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисттон дар вилояти Хатлон барои донишомӯзони коллеҷи тиббии шаҳри Бохтари вилоят Рӯзи Дарҳои боз гузаронида шуд.
Кормандони Раёсат ба донишҷӯён дар бораи таърихи таъсиси идораи наҷоти кишвар ва зинаҳои рушду тавсеаи он ҳикоят карданд. Баъди нақли муқаддимавӣ дар бораи фаъолиятҳои ҳамарӯзии Раёсати КҲФ дар Хатлон ба донишҷӯён малака ва маҳоратҳои касбии худро нишон доданд.
Ҷавонон бо чашмони худ диданд, ки чӣ гуна харобаҳо тоза ва оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ бартараф карда мешаванд.
Дар идома барои духтурони ҷавони оянда сайри кутоҳеро ҳам дар қаламрави идораи раёсат ташкил карданд ва онҳоро бо навтарин техникаи наҷот, воситаҳои имдодрасонӣ ба одамон ва бартараф сохтани хатарҳо шинос карданд.